Демократикунонӣ
Барои мусоидат ба иштироки фаъоли сокинони кишвар, аз ҷумла ҷавонон дар кору фаъолияти ҷамоатҳои маҳаллӣ, Дафтари барномаҳо барномаи маърифати шаҳрвандиро барои хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна ва ҷавонон дар ноҳияҳои дурдасти кишвар татбиқ менамояд. Дафтари барномаҳо ба Тоҷикистон дар инкишофи минбаъдаи равандҳои интихоботӣ ва сиёсӣ бо мақсади мутобиқ намудани онҳо бо меъёрҳо ва ӯҳдадориҳои кишвар марбут ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, кӯмак мерасонад. Дафтари барномаҳо инчунин барои баргузории муҳокимаҳои озоди сиёсӣ байни намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ имконият фароҳам меорад. Чунин чорабиниҳо дар саросари кишвар гузаронида мешаванд. Дар ин гуна чорабиниҳо номгӯи васеи масоили марбут ба ҳуқуқи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ муҳокима мешаванд.