OSCE Programme Office in Dushanbe
Озодӣ ва рушди воситаҳои ахбори омма
Барои мусоидат ба Тоҷикистон дар рушди фазои ВАО тибқи меъёрҳои ҷомеаи муосири демократӣ, Дафтари барномаҳо бо сохторҳои давлатӣ ва ВАО дар такмили базаи меъёриву ҳуқуқии ВАО ҳамкорӣ менамояд. Бо мақсади бартараф намудани низоъҳо ва тавсеаи ахлоқи касбии рӯзноманигорон ва таҳиякунандагони маводи ВАО, Дафтари барномаҳо истифодаи механизмҳои худтанзимкунандаро дастгирӣ менамояд. Дафтари барномаҳо инчунин барои кормандони сохторҳои давлатӣ, рӯзноманигорон ва мутахассисони соҳаи ВАО ва коммуникатсия бо мақсади омода сохтани кишвар баҳри гузариш ба пахши рақамӣ дар соли 2015 омӯзишҳо ташкил менамояд.