OSCE Programme Office in Dushanbe
Идоранамоии сарҳадҳо
Афсарони сарҳадбони Афғонистон ҳангоми омӯзиш дар курси таълимии посбонӣ барои ҳайати роҳбарикунанда убури дарёи назди Қаратоғ мекунанд, Ҳисор, Тоҷикистон, 16 декабри соли 2015.
(САҲА/Фирдавс Қурбонов)
Тоҷикистон бо як қатор душвориҳое, ки бо сарҳадҳо иртибот доранд, аз ҷумла бо қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи инсон, дучор меояд. Дафтари барномаҳо барои марзбонони тоҷик, қирғиз ва афғон оид ба ташхис ва пешгирӣ намудани убури ғайриқонунии марзҳо курсҳои таълимӣ мегузаронад, ба онҳо дар мушаххас намудани маводи кимиёие, ки барои истеҳсоли маводи мухаддир истифода бурда мешаванд ва ҳамчун моли қочоқ ба Тоҷикистон аз Чин ё Қирғизистон ворид мешаванд, кӯмак мерасонад. Соли 2009 Дафтари барномаҳо, Коллеҷи САҲА барои омӯзиши кормандони хадамоти сарҳадиро таъсис дод. Афсарони боломақоми хадамоти сарҳадӣ аз тамоми кишварҳои иштирокчӣ ва шарикони ҳамкори САҲА дар ин муассисаи таълимӣ омӯзонида мешаванд.