OSCE Programme Office in Dushanbe
Фаъолияти экологӣ
Волонтёрҳои Маркази Орҳус ҳангоми иштирок дар чорабиниҳои экологӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи муҳити зист, Ғарм, Тоҷикистон, 5 июни соли 2016.
(САҲА)
Муколамаи минтақавӣ оид ба идоракунии захираҳои обӣ ва олудашавии фаросарҳадии муҳити зистро дастгирӣ намуда Дафтари барномаҳо ба қабул гардидани қарордодҳои байналмилалӣ мусоидат мекунад ва байни кормандони давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади муҳокимаи масъалаҳои муштарак мулоқотҳо ташкил мекунад. Дафтари барномаҳо ҳафт маркази Орҳусро, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар воқеанд дастгирӣ мекунад. Дар ин марказҳо аҳолӣ имконият дорад бо сиёсат ва қонунгузории экологӣ шиносоӣ пайдо намояд. Дафтари барномаҳо инчунин оид ба масъалаҳои дипломатияи энергетикӣ барои кормандони давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон курсҳои омӯзишӣ баргузор менамояд.