OSCE Programme Office in Dushanbe
Идоракунии самарабахш
САҲА ба кишварон-иштирокчиёни САҲА дар мубориза бар зидди коррупсия ва бунёди ниҳодҳои давлатии демократӣ ва масъул мусоидат мекунад.
(OSCE/Ruslan Urazalin)
Дафтари барномаҳо дар ташаббусҳои гуногун, ки ба мубориза бар зидди фасод (коррупсия) дар кишвар ва беҳбуди системаи мудирият нигаронида шудаанд, ширкат меварзад. Ба ин ҷо барномаҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва мусоидат ба ислоҳоти базаи ҳуқуқии кишвар дохил мешаванд. Таваҷҷӯҳи махсус ба масъалаҳои зерин дода мешавад: пешгирии фасод ва криминализатсияи ҷиноятҳои марбут ба фасод, декларатсияи дороиҳо аз ҷониби хидматчиёни давлатӣ, ва инчунин гузаронидани экспертизаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аз тарафи сохторҳои давлатӣ мутобиқ ба принсипҳои зиддифасодӣ.