OSCE Programme Office in Dushanbe
Фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Иштироки донишҷӯёни Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар чорабинии «Дарҳои кушод», ки бо дастгирии Дафтари САҲА дар Тоҷикистон баргузор гардида буд, 26 сентябри соли 2016.
(САҲА)
Дафтари барномаҳо ба кишвар дар татбиқи ислоҳоти сохтории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷорӣ намудани методҳои нав ва муосири мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм кӯмак мерасонад. Ислоҳот дар қонунгузорӣ, таълими кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷорисозии меъёрҳо ва методҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо иштироки аҳолӣ ба ин ҷо дохил мешаванд. Дафтари барномаҳо инчунин татбиқи стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддирро дастгирӣ менамояд ва дар амалигардонии лоиҳаҳои оид ба мубориза бар зидди ифротгароии хушунатомез ва тундравие, ки ба терроризм натиҷа медиҳад, саҳм мегузорад.